АНҶУМАНИ VI ОМӮЗГОРОН ВА КОРМАНДОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

28-10-2021
28-уми октябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зери унвони “Фазои таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил манбаи стратегии рушди устувор” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва кормандон соҳаи маорифи ҷумҳуриҳои Россия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд. 
Дар маросими ифтитоҳӣ ва қисмати пленарии Анҷуман муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, мушовири Раёсати ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Казак Галина Николаевна, ҳамраиси Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи Федератсияи Россия дар Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ, Намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории фарҳангии байналмилалӣ Шведкой Михаил Ефимович, муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ - вакили мухтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ, муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Андреасян Жанна Арамовна, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Беларус Кадлубай Александр Владимирович, муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон Каринова Шолпан Танатовна, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷусупбекова Надира Сынташевна, муовини аввали вазири маорифи Федератсияи Россия Бугаев Александр Вячеславович, ҷонишини директори Институти илмӣ - тадқиқотии ба номи А.Авлонии Вазорати маорифи халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Пардаева Меҳринисо Дониёровна, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд Қаюм суханронї карданд.
Сипас, Анҷуман аз рўйи 5 номинатсия: муайян кардани роҳҳои муассири таъмини таълими дастрас ва босифат дар ҳама сатҳҳо ва рақамикунонӣ дар соҳаи маориф; вазъ ва дурнамои рушди илми педагогика дар кишварҳои ИДМ; муносибатҳои инноватсионӣ дар татбиқи стандартҳои касбии омӯзгор ва ташкили корҳои таълимӣ дар ташкилотҳои таълимии кишварҳои ИДМ; фаъолсозӣ ва рушди шарикӣ байни ташкилотҳои таълимии кишварҳои узви ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона дар фазои ИДМ; њамкорӣ дар вусъат, паҳн ва ҳифзи забони русӣ ҳамчун воситаи муҳимтарини ҳамгироии кишварҳои узви ИДМ идома ёфт. Омӯзгорону кормандони кишварҳои узви ИДМ вобаста ба масъалаҳои баррасишаванда дар номинатсияҳо ширкат варзида, табодули афкор намуданд. 
Ҳамчунин, дар рафти Анҷуман ба 19 нафар омӯзгор ва корманди соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» супорида шуд ва иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи “Наврўз” ва Литсей-интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманди Тоҷикистон дидан намуданд. 
Ёдовар мешавем, ки Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ду сол як маротиба доир мегардад ва он ба фароҳам овардани шароит барои рушди равандҳои ҳамгироӣ, ҷустуҷӯи фаъолонаи шаклҳо ва механизмҳои нави ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар соҳаи маориф мусоидат менамояд.
Фардо дар доираи Анҷуман нахустин Фестивали байналмилалии маҳорати педагогии омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз рӯйи номинатсияҳои “Муаллим”, “Мураббӣ” ва “Равоншиносӣ” доир мегардад.