ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ “СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН ДАР СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ”

22-05-2023
22-юми майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назарявӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Сиёсати давлатии ҷавонон дар соҳаи илму маориф” бо иштироки вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдухолиқзода, сардорон ва кормандони ҷавони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат баргузор гардид.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиш Раҳим Саидзода ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик намуда, зикр кард, ки ҷавонон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат қарор дошта, пайваста аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри фаъоли ҷомеа дастгирӣ меёбад. Дар ҳамин радиф ҷавононро месазад, ки кору пайкори Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти рӯзмарраи хеш қарор дода, барои ободиву созандагии ватани маҳбубамон саҳми арзанда гузоранд.
Сипас Ҷамшед Ҷӯразода иброз намуд, ки нақши ҷавонон барои рушди кишвар дар тамоми марҳилаҳои таърих назаррас буда, аз замони пайдоиши аввалин давлатҳои миллӣ қаҳрамониҳои бузурги абармардони ин миллат дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин навишта шудаанд. Қаҳрамониҳои гузаштагони мо бояд намунаи ибрат барои насли ҷавон бошад.
Дар идома сардори раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм Сироҷиддин Ниёзӣ ва раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони ватан” дар назди ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Вазорати маориф ва илм Сафарзода Беҳрӯз маърӯзаҳои худро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Дар охир ҷавонони фаъоле, ки дар соҳаи маориф кор ва фаъолияти пурсамар намудаанд, бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон