ҲАМАДОНӢ : ТАЪИНОТИ КАДРӢ ВА ТАҲЛИЛУ ВАЗИФАГУЗОРӢ

03-06-2023
Дар ноҳияи ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ вазири маориф ва илми кишвар Саидзода Раҳим Ҳамро бо кормандони соҳаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар вохӯрии мазкур сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи номбурда низ иштирок доштанд.
Саидзода Раҳим Ҳамро зимни баромад дар бораи вазъи фаъолияти соҳаи маорифи ноҳия изҳори назар карда, ба собиқ мудири шуъбаи маориф Ғоибзода Насимҷон барои саҳмгузорӣ дар рушди соҳа изҳори сипос намуд. Мудири нави шуъбаи маориф Тағоймуродзода Санифаро муаррифӣ карда, аз саҳмаш дар рушди соҳа ва фаъолнокӣ дар вазифаҳои фаъолияткарда ёдовар гардид.
Сипас, ба масъулин оид ба аттестатсияи аз синф ба синф гузарӣ, имтиҳоноти хатм, ғасби заминҳои наздимуассисавӣ аз тарафи шаҳрвандон, аттестатсияи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, натиҷагирии иштирок дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи маориф дастуру супориш дод. Таъкид гардид, ки баҳри ҳалли мушкилоти соҳа дастаҷамъона тамоми имконияту тавоноии худро истифода карда, ба боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд сазовор бошем. Кӯшиш намоем,ки мақоми омӯзгор дар ҷомеа баланд бардошта шавад ва боварию такяи хурду бузург ба муаллим беҳтар гардад.


Хадамоти матбуоти
Раёсати маорифи вилояти Хатлон