ҶАЛАСАИ СИТОД: АТТЕСТАТСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ДИРЕКТОРОН МАСЪАЛАИ АСОСИИ БАРРАСИШАВАНДА

11-11-2022
11-уми ноябри соли ҷорӣ бо дастури бевоситаи вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм З.Абдулзода ҷаласаи навбатии Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва тариқи онлайнӣ сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Нахуст, муовини вазири маориф ва илм иштирокдоронро ба масъалаҳои баррасишаванда шинос намуда, таваҷҷуҳи аъзои Ситодро ба рафти аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб намуд.
З.Абдулзода зикр кард, ки ҷиҳати муайян намудани дараҷаи тахассус, маҳорати касбӣ ва ба вазифаҳои ишғолкарда мувофиқат намудани директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шурӯъ аз 9-уми ноябр дар бархе аз шаҳру ноҳияҳо аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардида истодааст ва он то 30-юми декабр идома мекунад.
- Аттестатсия аз ҷониби 9 гурӯҳи босалоҳият зери роҳбарии бевоситаи вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм мақсаднок ва шаффоф баргузор гардида истодааст,-зикр кард З.Абдулзода. – Натиҷаи санҷиши серӯза нишон дод, ки шаффофияти раванди аттестатсия аз ҷониби гурӯҳи босалоҳияти вазорат таъмин гардида истодааст. Аммо дар баробари ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, шабакаи иҷтимоии Фейсбук баъзе нафарон бо ному насаби мустаор ва ё саҳифаҳои фейкӣ аз ин иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф ва илм ҳангома сохта, мехоҳанд бо суханони носанҷидаю бидуни далел миёни ҷомеа нобоварӣ эҷод кунанд.
Дар идома, муовини вазири маориф ва илм аз сардори сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даъват ба амал овард, ки дар рафти аттестатсияи директорон аз ҳама гуна муносибатҳои характери коррупсионидошта худдорӣ намоянд ва ба навиштаҳои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо саҳифаҳои фейкӣ ҳар гуна суханони беасос менависанд, посухҳои асоснок гардонанд.
Сипас, дар рафти ҷаласа гузориши Ҳикматулло Саидзода–сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус “Оид ба вазъи таъминоти кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ”, ва “Оид ба вазъи ба ҷои кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон”, гузориши Малика Каримзода – мутахассиси пешбари шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм “Оид ба омӯзгорони ғайриихтисос”, гузориши Шарофиддин Асомиддинзода–сардори раёсти таҳсилоти миёнаи умумӣ “Оид ба ташкил ва баргузории мушовараи сайёр дар минтақаи Зарафшони вилояти Суғд” ва “Оид ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, гузориши Нусратулло Саломиён–директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо “Оид ба омодагиҳо ба олимпиадаҳои хонандагон” ва Муҳаммадалӣ Тоирзода– сармутахассиси шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ “Оид ба вазъи омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ” шунида шуд.
Зимни баррасиимасъалаҳо сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо низ ҳисобот дода, вазифадор шуданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илм чораҳои судманд андешанд.