ҶАЛАСАИ ШӮРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

19-05-2022
Дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм ва аъзоёни Шӯро-ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд.
Нахуст, вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҷалб намуда, дар идома, дар қатори дигар проблемаву мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла зикр кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз мушкилот ба таври зарурӣ риоя нагардидани Низомномаи низоми кредитии таҳсилот мебошад. Масалан, дар баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳангоми баргузории аттестатсияи хатм мушоҳида карда шуд, ки холи умумии миёна (GPA)–и донишҷӯ дар даври таҳсил, ки набояд аз 1,85-ро ташкил диҳад, бароварда намешавад. Ҳол он, ки тибқи банди 59 Низомномаи мазкур ҳангоми паст будани холи умумии миёна (GPA)–и донишҷӯ фармоиши аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯ бояд ба тасвиб расонида нашавад. Бе баровардани холи умумии миёна ва нишон додани он дар ҳуҷҷати таҳсилот донишҷӯ дар хориҷи кишвар имкони идома додани таҳсилро аз даст медиҳад.
Масъалаи дигар, ин иҷрои талаботи банди 79 Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он имтиҳонҳои ниҳоӣ бояд, ки дар шаклҳои шифоҳӣ, хаттӣ, омехта ва тестӣ ба роҳ монда шаванд.
- Имрӯзҳо дар воситаҳои ахбори омма ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ сару садоҳо нисбати барҳам додани низоми кредитии таҳсилот ва ба низоми анъанавӣ гузаронидани таҳсилот зиёд дида мешавад,-зикр кард вазир. - Бори дигар такрор мекунам ва худи Шумо низ медонед, ки ба таври шифоҳи, хаттӣ ва эҷодӣ қабул намудани имтиҳоҳои ҷорӣ яке аз талаботҳои низоми кредитии таҳсилот ба ҳисоб меравад. Тартиби қабули имтиҳонҳои ниҳоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва омехта таҳия, тасдиқ, муаррифӣ ва дастраси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ гардонида шудааст.
Масъалаи дигар, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии тазимкунандаи муносибатҳои зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи имрӯзаи маорифи миллӣ, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Вазорати маориф ва илм ба ҳисоб меравад, мебошад.
Дар ин самт гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони муассисаҳои таълимӣ таъсис дода шудааст. Дар назар дошта шудааст, ки то охири сол ба зиёда аз 50 санади меъёрӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, аз нав таҷдиди назар карда шаванд.
Пешбурди раванди таълим дар низоми таҳсилоти фосилавӣ низ яке аз масъалаҳои муҳим дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлилҳои солҳои охир нишон дода истодааст, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешбурди раванди таълим дар таҳсилоти фосилавӣ қаноаткунанда нест. Низоми мазкур таҷдиду азнавсозиро талаб мекунад.
Бинобар ин, дастур дода мешавад, ки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии соҳа фаъолона ширкат намоянд.
Дар идома, гузориши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ Қудрат Давлатзода оид ба “Ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ”, гузориши директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Раҳмоналӣ Раҷаб оид ба “Доир ба вазъи таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилотӣ, нақша ва барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, гузориши ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Муҳриддин Низомӣ оид ба “Вазъи таълим дар ихтисосҳои эҷодии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода: ҳолат ва дурнамо” шунида шуд.
Инчунин, дар масъалаҳои ҷорӣ низ як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.