ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРГУЗОР ГАРДИД

29-06-2022
29-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии баррасишаванда иштирок намуданд. 
Дар ҷаласа директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода адабиёти таълимии ба ҷаласа пешниҳодшударо муаррифӣ намуда, иброз дошт, ки барои муҳокима дастхати 1 номгӯй адабиёти таълимӣ барои зинаи таҳсилоти томактабӣ, 19 китоби дарсӣ ва 3 номгӯй дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 8 стандарт ва барномаи таълимӣ барои синфҳои ибтидоии зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 9 китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод шудааст.
Роҷеъ ба ҳар як номгӯйи адабиёти таълимию методии пешниҳодшуда аъзои Шӯро фикру пешниҳодҳои худро манзур карданд. 
Инчунин, дар ҷаласа гузориши роҳбарони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабии Шӯрои миллии таҳсилот, ҳамзамон, директори Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ Л. Иматзода «Оид ба Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва маводи методӣ барои таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ» ва гурӯҳи корӣ оид ба педагогика С. Неъматов аз ҷараёни «Таҳияи стандарт ва барномаи ҷадиди фанни забони давлатӣ барои синфҳои 2 – 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забонҳои ғайритоҷикӣ (русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ) шунида шуд.
Дар навбати худ, аз ҷониби раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Ҷӯразода риояи ҳатмии қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, таҳрири ҷиддии илмию услубии адабиёти таълимӣ ба мураттибону муаллифон таъкид гардида, инчунин ҷиҳати таъсиси гурӯҳи корӣ дар хусуси бо назардошти арзишҳои миллӣ ва идеологияи давлатдории миллии тоҷикон таҳия кардани барномаи таълими фанни таърихи халқи тоҷик барои синфҳои 5 – 11, таҳияи дастурҳои таълимиву тарбиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мавриди омӯзиш қарор додани татбиқи омӯзиши забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 
Шӯрои миллии таҳсилот ҷузъи давлативу ҷамъиятии сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, нақшаҳо, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводди таълимиву методиро такмил ва баррасӣ намуда, фаъолиятро дар ин самт ҳамоҳанг месозад.
Шӯрои миллии таҳсилотро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мавридҳои зарурӣ муовини якуми вазир роҳбарӣ мекунад. 
Ба ҳайати Шӯрои миллии таҳсилот сардорони раёсат ва шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои зертобеи он, аз қабили Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркаи ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барнома ва китобҳои дарсӣ шомиланд.