ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНИИ ШӮРОИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ ДОИР ГАРДИД

21-10-2020
   21-уми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ҷаласаи онлайнии Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он аъзоёни доимии Шӯро ва даъватшавандагон аз Вазорати маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Армения, Вазорати маориф, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва Донишгоҳи давлатии Беларуси Ҷумҳурии Беларус, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазорати илм ва таҳсилоти олӣ ва Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Кумитаи байналмилалии «Бозиҳои Делфӣ» («Дельфийских игр»), директорон, ректорон ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат ва суханронӣ намуданд. 
   Дар ҷаласа беш аз бист масъала, аз ҷумла вобаста ба иҷрои қарорҳои Протоколи №7-и ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ аз 19 апрели соли 2019, ҳолат ва дурнамои рушди фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии кишварҳои узви ИДМ оид ба тайёр кардани кадрҳои педагогӣ, тайёр кардани кадрҳо дар самти таърих, таълим, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимон ва мутахассисони соҳаи таҳсилоти фарогир ва махсус, лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи аккредитатсияи фаъолияти таълимии ташкилотҳо-муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои ИДМ, лоиҳаи Созишнома дар бораи додани ҳуқуқҳои баробар ба шаҳрвандони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои қабул ба муассисаҳои олии давлатҳои аъзои ИДМ, татбиқи қарорҳои Анҷумани V омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ аз 11-12 октябри соли 2018, мукофотонидани нишони «Аълочии маорифи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ дар доираи Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ, дар соли 2021 баргузор намудани Симпозиуми илмӣ ва методӣ оид ба шарикӣ байни муассисаҳои таълимӣ, дастгирӣ намудани пешниҳоди Шӯрои роҳбарони Агентиҳои иттилоотии давлатҳои ИДМ дар бораи зиёд кардани квотаҳо барои тайёр кардани рӯзноманигорони русзабони кишварҳои Иттиҳод дар заминаи яке аз донишгоҳҳои Россия ва бо ин мақсад ташкили як пойгоҳи давлатҳои аъзои ИДМ оид ба омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисоси журналистӣ, татбиқи пешниҳодҳои давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати таҳияи чораҳои мушаххас оид ба мусоидат ба пешгирии мушкилоти радикализатсияи муҳити ҷавонон тавассути тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, маърифат, дастгирии иҷтимоии насли ҷавон, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои он, фаъолияти лоиҳаи интернетии «Роҳи хотира» («Дорога памяти», иштироки Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар чораҳои муқовимат бо COVID-19, иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омодагӣ ва баргузории «Бозиҳои Делфӣ» барои кӯдакон ва ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2021-2022 ва чанде дигар мавриди баррасии иштирокдо0рон қарор гирифта, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул гардид.
   Дар рафти ҷаласа зикр гардид, ки Шӯро дар соли 2019 як қатор корҳои назаррасро анҷом дод. Инчунин, таъкид карда шуд, ки дар айни замон Шӯро дорои иқтидори назаррас аст ва метавонад захираҳои истифоданашударо барои баланд бардоштани самаранокии кори худ ва рушди ҳамкориҳои байнисоҳавӣ истифода барад.
   Ҳамзамон, ишора шуд, ки бештар ҷиҳати мусоидат ба ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои ҳуҷҷатҳои қабулнамудаи мақомоти олии Иттиҳод, баланд бардоштани самаранокии кори онҳо, таҳияи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти стратегӣ ва ояндадор, аз ҷумла таҳияи санадҳо барои рушди минбаъдаи робитаҳои башардӯстона, инчунин оид ба ҳалли масъалаҳои амалии ҳамкории соҳавӣ ва байнисоҳавӣ, рушди ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии рақамии ташкилоту муассисаҳо, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар кор, такмил додани шаклу усулҳои инъикоси амалии фаъолияти онҳо дар ВАО, таъмини сатҳи намояндагии муқаррарнамудаи Низомнома дар бораи Шӯро барои эътибор пайдо кардани ҳуҷҷатҳои дар доираи Иттиҳод қабулшуда, идома додани корҳо оид ба татбиқи барномаҳои мақсадноки байнидавлатӣ ва нақшаҳои фаъолияти муштараки давлатҳои аъзои ИДМ, рушди муносибатҳо ва амиқгардонии ҳамкорӣ бо мақомоти кории ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Иттиҳод дар арсаи байналмилалӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.
   Ёдовар мешавем, ки Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ соли 1997 таъсис ёфта, дар асоси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар ташаккули фазои ягонаи таълимии ИДМ фаъолият дорад, ки дар он 8 давлат - ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия имзо гузоштаанд.
   Ҳадаф аз таъсиси Шӯро рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ унвон шуда, дар кори он намояндагони ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия иштирок мекунанд. Дар ин навбат раисии Шӯроро Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда дошта, аз замони таъсис то имрӯз беш аз 30 ҷаласаи Шӯро баргузор гардидааст.
    Дар рафти ҷаласа, инчунин аъзои Шӯро Нақшаи кории худро барои солҳои 2021-2022 тасдиқ карданд. Артур Мартиросян-муовини вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон ба муҳлати дигар раиси Шӯрои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи кишварҳои узви ИДМ интихоб шуд. Қарор шуд, ки ҷаласаи навбатии Шӯро соли 2021 дар Ҷумҳурии Арманистон баргузор шавад. Сана ва вақти баргузории чорабинӣ ба таври корӣ муайян карда мешавад.
Ш