ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

27-01-2023
Таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ситоди корӣ оид ба таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони касбӣ Раҳим Саидзода дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм ҷаласаи онлайнӣ доир гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорон ва мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва директорони муассисаҳои таълимӣ ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии шумораи ками кўдакон ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, тибқи талабот иҷро нагардидани Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027, таъмирталаб будани майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакон, норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дуруст фаъолият накардани сохторҳои роҳбарикунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (иттиҳодияҳои методӣ, шӯрои педагогӣ ва гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот), камаҳамиятӣ нисбати Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1445 “Дар бораи бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон намудани солҳои 2020-2040”, риояи либоси ягонаи мактабӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррпусионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар рафти мубодилаи афкор аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардид.
Дар охир, раиси Ситод ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бартараф намудани камбудиҳои масъалаҳои дар боло зикршуда  супоришҳои мушаххас дода, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Маркази матбуоти 
Вазорати маориф ва илми 
Ҷумҳурии Тоҷикистон