ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

25-10-2022
25-уми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Р.Саидзода ҷаласаи назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорони мактаб-интернатҳои мақоми ҷумҳуриявидошта иштирок намуданд.
Дар ҷаласа, нахуст, гузориши С.Исвализода–муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ “Оид ба вазъи омода намудани мутахассисон аз рӯи равия ва ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе” шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъалаи мазкур, раиси ҷаласа бештар ба вазъи омоданамоии мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хусусан мутахассисони донандаи забонҳои русию англисӣ таваҷҷуҳ намуда, ба роҳбарони муассисаҳо дар самти зиёд намудани омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ, таҳияи дастурҳои таълимию методӣ аз ҷониби омӯзгорон, ташкил ва фаъол намудани озмоишгоҳҳои таълимӣ, гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ, инчунин, иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар идома гузориши У.Ҳасанзода-сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ “Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ” шунида шуд.
Раиси ҷаласа зимни баррасии масъалаи мазкур вобаста ба мушкилоти ҷойдошта дар самти харидории ангишту ҳезум ва шишабандии муассисаҳои таълимӣ сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳоро пурсон шуда, ҳамзамон, доир ба омода намудании муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон, пайваст намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, минбаъд ба роҳ мондани харидории ангишту ҳезум дар семоҳаи дуюм ва сеюм, истифодаи мақсадноки заминҳои наздимуассисавӣ ва захира намудани маводи хурока барои фасли зимистон дар кӯдакистонҳо ва мактаб-интернатҳо ва чанде дигар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, дар ҷаласа гузориши М.Қурбонзода-сардори шуъбаи сифати таҳсилот “Оид ба сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва татбиқи муносибати босалоҳият дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг ва Восеи вилояти Хатлон” шунида шуд.
Вазири маориф ва илм Р.Саидзода дар рафти баррасии масъала ба таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, истифодаи технологияи муосир дар раванди таълим ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда зимни санҷиши гурӯҳҳои корӣ ба мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Балҷувон, Ховалинг ва Восеъ дастурҳои қатъӣ дод.
Ҳамзамон, зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб ва Норак баён доштанд, инчунин, таваҷҷуҳ намудан ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои русию англисӣ, хусусан, таъсис додани гурӯҳҳои таълимашон бо забони русӣ ва англисӣ дар ихтисосҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, пурра омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба фасли зимистон ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, дар ҷаласа мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокчиён таклифу пешниҳодҳои судманд ироа гардида, вобаста ба ҳар масъала қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.