ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ МИЛЛИИ ТАҲСИЛОТ БАРУЗОР ГАРДИД

19-05-2023
19-уми майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорат, раисони гурӯҳҳои ҳамоҳангсози барномаву китобҳои дарсӣ, муаллифону мураттибони адабиёти таълимии барои баррасӣ пешниҳодшуда ширкат намуданд.
Дар ҷаласаи навбатии Шурои миллии таҳсилот масъалаҳои тавсияи адабиёти таълмии барои баррасӣ пешниҳодгардида, тасдиқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023», муаррифии маҷмуаи маводди иловагии хониш (кортҳои хониш аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика) барои синфҳои 1– 4-ум» мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласа аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ мусаввадаи 31 номгӯйи адабиёти таълимиву методӣ, аз ҷумла 15 китоби дарсӣ ва 6 дастури таълимиву методӣ барои зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 6 китоби дарсву 4 дастури таълимию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод гардид. Тавре директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Н. Зайниддинзода иттилоъ дод, мазмуну мундариҷаи адабиёти таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби муассисаҳои экспертии соҳаи маориф, гурӯҳҳои ҳамоҳангсози Шурои миллии таҳсилот ва китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби шуроҳои илмию методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва олимони соҳа арзёбӣ гардида, бо дарназардошти эродҳои онҳо ислоҳ шудаанд.
Дар баробари ин роҷеъ якчанд номгӯйи дастуру китобҳои пешниҳодшуда, аъзои Шурои миллии таҳсилот фикру пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмил ба муаллифон иброз намуданд.
Дар навбати худ муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода аз роҳбарони муассисаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм, аз ҷумла Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмолни Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф» даъват ба амал овард, ки раванди таҳия, ташхис ва таҳрири адабиёти таълимиро ҷиддан назорат ва пайгирӣ намоянд.
Вобаста ба масъалаи тасдиқи «Нақшаи чопи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркмании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» Н. Зайниддинзода иброз намуд, ки аз ҷониби Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ бо ҳамкории Академияи таҳсилоти Тољикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф ва илм ва Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдурраҳмони Ҷомӣ нашри 48 номгӯй китоби дарси ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ ба нақша гирифта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки раванди тарҷумаи китобҳои дарсии фанҳои дигар ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Тибқи масъалаи сеюми рӯзнома маҷмуаи маводди иловагӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои синфҳои 1 – 4-ум муаррифӣ карда шуд.
Зикр гардид, ки маҷмуаи маводди номбурда дар асоси стандарт ва барномаҳои такмилёфтаи фанҳои забони тоҷикӣ ва математика дар зинаи таҳсилоти ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳия шудаанд.
Шуро қарор кард, ки маҷмуи маводди иловагӣ аз фанҳои забони тоҷикӣ ва математика барои синфҳои 1 – 4-ум барои арзёбии иловагӣ ба муассисаҳои экспертии соҳаи маориф пешниҳод карда шавад.
Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода бори дигар аз таъкиду роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба бознигарии муҳтавои барномаҳои таълим ва китобҳои дарсӣ ёдовар шуда, ҷиҳати бо дарназардошти талаботи замон ва ислоҳоти соҳаҳои маориф ва илм таҷдиди назар шудани адабиёти таълимӣ аз мураттибону муаллифон ва роҳбарони муассисаҳои зерсохтори Вазорати маориф ва илм даъват ба амал овард.

Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон