ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД ВА «ҲАМКОРОНИ МАҲАЛЛИИ РУШДИ МАОРИФ» БО БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД БАРГУЗОР ГАРДИД

04-11-2022
4-уми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бо шарикони рушд ва «Ҳамкорони маҳаллии рушди маориф» бо Бонки Исломии Рушд баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони ЮНИСЕФ, Бонки Исломии Рушд ва дигар шарикони рушди дар соҳаи маориф ва илм фаъолияткунанда, сардорон ва кормандони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, зимни сухани ифтитоҳӣ вазири маориф ва илм Р.Саидзода вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар самти ислоҳоти соҳаи маориф ибрози андеша намуда, зикр кард, ки яке аз ислоҳоти асосӣ дар соҳаи маориф ин татбиқи низоми муносибати босалоҳият ба таълим ва ба ин восита, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. 
- Ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва муваффақ шудан ба дастовардҳои назаррас Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 тасдиқ шудааст, ки ҳуҷҷати мазкур дар ҳамкорӣ ва дастгирии шарикони рушд таҳия шудааст, -зикр кард вазир. – Дар баробари ин, дар самти татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи мазкур бо дастгирии шарикони рушд лоиҳаҳои гуногун низ дар соҳаи маориф татбиқ шуда истодаанд. Лоиҳаи навбатие, ки бо дастгирии Бонки Исломии Рушд пешниҳод шудааст, барои рушди соҳаи маориф нигаронида шудааст.
Сипас, дар рафти ҷаласа намояндаи Бонки Исломии Рушд, ҳамзамон, роҳбари гурӯҳ Муҳаммад Мирзоӣ лоиҳаи нави Бонки Исломии Рушд ва амалишавии он дар чорчӯбаи лоиҳаҳои Шарикии Глобалии Маорифро муаррифӣ намуда, муовини масъули намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Бина Кутипарамбил дар бораи лоиҳаи Шарикии Глобалии Маориф ва мавқеи ЮНИСЕФ ҳамчун агентии ҳамоҳангсозӣ ва грантӣ маълумот дод.
Қайд гардид, ки дар доираи лоиҳаи нав бинои 40 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта шуда, муассисаҳо бо таҷҳизоти таълимӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, озмоишгоҳҳо ва технологияи муосир таъмин карда мешаванд. Ҳамчунин, лоиҳа дар таҷдиду мукаммалсозии асноди меъёрии ҳуқуқии соҳа, бозомӯзии омӯзгорон, таҳияи маводи таълимӣ ва чанде дигар, ки дар маҷмуъ ба баландбардории сифати таҳсилот нигаронида шудааст, мусоидат менамояд.
Дар идома мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба татбиқ ва фаъолияти минбаъдаи лоиҳа иштирокдорон миёни худ суолуҷавоб намуданд.