ҶАЛАСАИ НАМОЯНДАГОНИ ПЛАТФОРМАИ “СИРИУС” ВА ВАЗИРОНИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

20-06-2022
20-уми июни соли ҷорӣ ҷаласаи онлайнии намояндагони платформаи “Сириус” ва вазирону муовинони вазирони маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он раиси Шӯрои платформаи «Сириус» Елена Шмелёва, вазири маорифи Федератсияи Россия Сергей Кравтсов, вазири маорифи Ҷумҳурии Беларусия Андрей Иванетс, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода, вазири таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Агриппина Шин, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Надира Ҷусупбекова, вазири маориф ва сиёсати забони Ҷумҳурии Абхазия Инал Габлия ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Осетияи Ҷанубӣ Натали Гассиевна суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштирокдорон вобаста ба системаи инкишоф ва хамкории байналхалқии истеъдодҳо, фаъолияти маркази “Алматы дарыны”: натиҷаҳо, нақшаҳои рушд ва кор бо истеъдодҳо, низоми кор бо хонандагони болаёқат, тарбия ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон, низоми таълим дар соҳаи инноватсия ва IT, ҳамкорӣ дар самти тайёр кардани кадрҳо, вусъат додани ҳамкорӣ миёни Вазорати маорифи Россия ва вазоратҳои маорифи ДНР ва ЛНР, инкишофи неруи эҷодии ҷавонон ва чанде дигар фикру андешаҳои худро иброз доштанд.
Ҷамшед Ҷӯразода- муовини якуми вазири маориф ва илм дар навбати худ вобаста ба дастовардҳо дар самти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ суханронӣ намуда, қайд кард, ки дар ҷумҳурӣ 24 намуди олимпиадаи фаннӣ, аз ҷумла 13 олимпиада аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (барои хонандагони синфи 11 аз фанҳои ҳуқуқ ба номи Куруши Кабир, таърих ба номи Бобоҷон Ғафуров, забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, забони русӣ ба номи Александр Пушкин, забони англисӣ ба номи Уилиям Шекспир, забони давлатӣ, адабиёти рус, барои наврасони синфҳои 5-6 ва 7-8, олимпиадаҳои даставӣ барои хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, барои хонандагони синфҳои 7-10-и мактабҳои Президентӣ, гимназияи ҷумҳуриявӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат, олимпиадаҳои «Spelling Bee» (луғатдонӣ ва талаффузи дурусти ҳарф ва овоз аз фанни забони англисӣ дар синфҳои 5-7) ва Олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад, ки барои фарогирии шумораи ҳарчи бештари хонандагони боистеъдод дар ҳаракати олимпӣ аз фанҳои таълимӣ мусоидат менамоянд. 
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, аз ҷониби иштирокдорон як қатор таклифу пешниҳодҳо ироа гардид. 
Азиза БОДУРОВА