ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

20-05-2023
20 майи соли ҷорӣ дар толори "Қасри фарҳанг"-и ноҳияи Кушониён дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири маориф ва илм бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, раисон ва кормандони ҷамоатҳо ва фаъолони ноҳия ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар он ҳамчунин муовини раиси ноҳияи Кӯшониён, ректорони як қатор донишгоҳҳо, сардорони раёсату шуъбаҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ширкат доштанд.
Вазири маориф ва илм иброз намуд, ки бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Кӯшониён сохтмони 252 адад бинову иншоот ба наќша гирифта шудааст, ки аз он ба њолати 1 апрели соли 2023, 42 адади он мавриди истифодабарї ќарор дода шуд, ки 26,9 фоизи наќшаро ташкил медињад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, ба хотири саривақт ва бо сифати баланд иҷро шудани корҳои дарпешбуда талош намоем.
Сипас ба ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия аз ҳисоби ректорон ва сардорони раёсату шуъбаҳо ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат шахсони масъул таъин гардида, вазифадор карда шуданд, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони ҷамоатҳо ҷиҳати иҷрои супоришҳои чораандешӣ намоянд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон