ҶАЛАСАИ  КОРӢ: ҲАДАФ ТАЪМИНИ ШАФФОФИЯТ ВА ПЕШГИРӢ АЗ ҲОЛАТҲОИ КОРРУПСИОНӢ

29-06-2022
Бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он Ҷамшед Ҷӯразода-муовини якуми вазири маориф ва илм, Савзалӣ Ҷаъфарзода – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мироҷиддин Наботзода – намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигора Муқимӣ – намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маъруф Абдулхайров – намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсатҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касб, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, намояндагони минтақавии маркази миллии тестӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, кормандони Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Сараввал муовини якуми вазир Ҷамшед Ҷӯразода суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, таъмини арзёбии объективӣ, шаффоф ва одилонаи дониши довталабон, баробарҳуқуқии онҳо барои дарёфти таҳсилоти миёнаю олии касбӣ, гузаронидани пажуҳишҳо ва арзёбии сатҳи дониши хонандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ тавассути тестгузаронӣ буда, аз солҳои аввали таъсисёбӣ ин рисолати худро пурра ба анҷом расонида истодааст. 
Сипас, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Савзалӣ ҳозиринро бо “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шинос намуда, ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ тибқи фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи 46 муассисаи таълимии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда шудааст. Тибқи бандҳои 53 ва 57 Тартиби мазкур омода намудани марказҳои имтиҳонӣ ва муҳайё кардани шароити зарурӣ дар онҳо ба зиммаи роҳбарияти муассисаҳои таълимии дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардида, ба талаботи санитарӣ-гигиенӣ ҷавобгӯ мебошанд. Дар ҳудуди марказҳои имтиҳонӣ ҳифзи тартиботи ҷамъиятию бехатарӣ аз сӯхтор дар давраи имтиҳонҳо таъмин карда мешавад. Барои назорати пурраи озмунҳо воситаҳои видеоӣ ва сабт дар марказҳо пурра таъмин карда шуда, тавассути он падару модарон ё шахсони дигари довталабонро то маркази имтиҳонӣ ҳамроҳикунанда метавонанд рафти имтиҳонотро назорат намоянд. 
Ҳамзамон таъкид гардид, ки рӯзҳои 1-7 июли соли 2022 даври асосии имтиҳонҳо ва даври иловагии он санаи 12 июл баргузор гардида, санаи 25 июл натиҷаи озмун эълон карда мешавад. 
Сипас, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар рафти қабули ҳуҷҷатҳо ва имтиҳонот аз ҷониби кормандони марказҳо дар вақти муошират бо шаҳрвандон одоби баланди хизматӣ риоя гардида, ҷиҳати роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ тадбирҳои судманд андешида шавад.
Ёдовар мешавем, ки чунин ҷаласа ҳар сол маъмулан дар арафаи маъракаи муҳимми соҳаи маориф – оғози имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.