ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ГАНҶ”-И ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

21-06-2022
21-уми июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Саидзода Раҳим Ҳамро, муовини якум ва муовинони вазир, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри душанбе Нилуфар Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода, сардорону кормандони раёсат, шуъбаи ва бахши дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд. 
Зимни сухани ифтитоҳӣ Р.Саидзода- ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” қайд намуд, ки таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештар намоем.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст, ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” оид ба натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд. 
Зикр гардид, ки ташкилоти ҳизбии “Ганҷ” фаъолияти худро дар доираи Оиннома ва Барномаи амали ҳизб ба роҳ монда, дар партави сиёсати Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомотҳои болоии ҳизб, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. 
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» фаъолият намуда, барои таъмини рушди устувор ва бомароми мамлакат, фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати татбиқи неруи инсонӣ дар асоси баробарӣ, адолат ва эҳтиром гузоштан ба шаъну шарафи инсон равона шудааст, пайваста саъю кӯшиш менамояд.
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарияти олии ҳизб ва аъзоёни он дар соҳаи маориф ва илм маҳсуб мегардад.
Дар идомаи маърузаи ҳисоботӣ вазири маориф ва илм фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Ганҷ” ва дар маҷмуъ, фаъолияти соҳа, аз ҷумла самтҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа ва таъминоти муассисаҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, таъминоти муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, сохтмону муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод.
Аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” З.Назрулозода-сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Н.Мирзозода-сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ба музокира баромада, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-ро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Сипас, интихоби ҳайати роҳбарикунанда ба ҳайси раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, бо пешниҳоди аъзоёни ҳизб вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора Р. Саидзода раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ”-и Вазорати маориф ва илм интихоб гардид. Инчунин, аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” ва вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилотҳои ҲХДТ интихоб гардиданд.
Дар кори ҷаласа, инчунин, роҳбари Маркази матбуот ва таҳлили Дастгоҳи марказии ҲХДТ Илҳомҷон Ҳамидиён, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри душанбе Нилуфар Каримзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадзода сухан ронда, ҷиҳати фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ганҷ” таклифу пешниҳодоти судманд манзур намуданд.
Дар охир, як қатор кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм бо “Сипоснома”-и ҲХДТ сарфароз гардида, инчунин, ба як қатор аъзоёни ба тозагӣ ба сафи ҳизб қабулшуда дар лаҳзаи тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. 
Дар охир аз ҷониби иштирокдорон таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон соли 2021 тамоми раванди маорифи миллии кишварро таҳлилу баррасӣ карда, доир ба рушду нумуъ ва мавқеи он дар ҷомеаи муосир чунин нуқтаҳои хирадмандонаро иброз намуданд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро, мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхори нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Ин назари неки Раиси муаззами ҳизб моро водор месозад, ки барои рушди бемайлони соҳаи маориф, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат бо азму иродаи қавӣ фаъолият намуда, барои ояндаи дурахшони кишвари худ ҷаҳду талоши бештаре намоем.