ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД

30-06-2022
Дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири моариф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода ҷаласаи ҳайати мушовараи навбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири маориф ва илм Л.Абдулхолиқзода, сардорони раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуданд.
Нахуст, тибқи рӯзнома гузориши Қ.Муҳиддинзода-мудири бахши таҳсилоти томактабӣ “Оид ба рафти иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”, гузориши Довудхони М.-сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот “Оид ба таҳлили сифати таҳсилот ва натиҷаи кори гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот дар нимсолаи якум дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Файзобод”, гузориши Ф.Раҳимзода-и.в.сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм “Дар бораи пешниҳоди “Маҷмуаи омории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021-2022””, гузориши Н.Саломиён-директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо “Оид ба ҷамъбаст ва натиҷагирии даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2022 ва таҳлили сифатии он”, гузориши Б.Маҳмадализода-сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ “Оид ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ғайридавлатӣ”, гузориши Б.Музаффарзода-сардори раёсати иқтисод, банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм “Оид ба рафти иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, гузориши И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ “Оид ба тасдиқи Тартиби макон ва замони баргузории озмуни қабули фарзандони аъзои диаспораҳои тоҷикон (ҷамъияти тоҷикон), муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ (квота) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, гузориши У.Сафарзода-директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ “Дар бораи дар сохтори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ” ташкил кардани “Шуъбаи дастгирии омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ””, гузориши И.Камолзода-сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ “Дар бораи аз эътибор соқит намудани қарори ҷаласаи мушовара аз 28.02.2018, №03/7”, гузориши И.Аминов-мушовири вазир “Оид ба нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2022” шунида шуда, ҳамзамон, як қатор стандарт, барнома ва китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, китобҳои дарсии «Адабиёти тоҷик», «Алифбо», «Географияи табиӣ», «Забони модарӣ», «Математика», «Ҳуқуқи инсон», «Санъат ва меҳнат», «Суруд ва мусиқӣ», «Таърихи умумӣ», «Таърихи халқи тоҷик», «Физика», «Асосҳои сармоягузорӣ», «Геодезия ва ибтидои курси GPS (Системаҳои масирёбии умумиҷаҳонӣ)», «История градостроительного искусства Таджикистана», «История развития счетоводства и счетоведения», «Иқтисодиёти корхонаи нақлиёти автомобилӣ», «Луғатнигории муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ», «Математикаи олӣ барои ихтисосҳои техникӣ ва технологӣ», «Менеҷменти молиявӣ», «Механикаи назариявӣ», «Назарияи баҳисобгирии муҳосибӣ», «Основы стратегического менджмента», «Ташкили истеҳсолот дар соҳаи алоқа», «Технологияи истеҳсолоти мошинсозӣ» баъд аз баррасӣ барои нашр иҷозат дода шуд.
Баъд аз ироаи гузоришҳо ва баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа, муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷ.Ҷӯразода ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии барномаҳои давлатӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таълим, иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, дарёфти истеъдодҳои наврас ва вусъат бахшидани ҳаракати олимпӣ, иҷрои бандҳои Нақшаи миёнамуҳлати амал барои солҳои 2021-2023-и Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба тарбияи хонандагону донишҷӯён ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.