Ҳадаф шаффоф ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои қабул

06-07-2018
Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф ташкил намудани фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтилоӣ, миёна ва олии касбӣ, пешгирии ҳамагуна амалҳои коррупсионӣ ва ҳолатҳои ба қонунвайронкунӣ мусоидаткунанда дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ вохӯрии роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо котибони масъули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Зимни суханронӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон               Нуриддин Саид вобаста ба риояи талаботи «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми миёнаи касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», прокурори раёсати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меъроҷиддин Наботов оид ба риояи қонун ва пешгирии ҳолатҳои ба қонунвайронкунӣ мусоидаткунанда, намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Мирзоқулов оид ба пешгирии таъсири омилҳои инсонӣ дар фаъолияти комиссияҳои қабули муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, муовини сардори раёсати 1-уми сарраёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Шодком Турсунзода оид ба роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд. 
Дар фарҷом иштирокдорон ба масъулин саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
 
Саймуҳаммади Изатулло – мутахассиси Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон