51 омӯзгори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон

03-09-2018
1-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, муовини якуми вазири маориф ва илм Р.Мирбобоев, сардорони раёсати вазорат, намояндагони сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ва “Россотрудничество” бо  омӯзгорони Федератсияи Россия, ки барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардиданд, вохӯрӣ баргузор гардид. 
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия шарики старатегӣ буда, дар соҳаи маориф ҳамкории густурда ба роҳ монда шудааст. Ҳамин аст, ки ҳамасола теъдоди зиёди донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.  
Шоистаи таъкид аст, ки соли хониши 2017-2018 29 нафар омӯзгори рус аз Федератсияи Россия барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии кишвар ҷалб гардида буданд. Имсол бошад, теъдоди онҳо ба 51 нафар расид. Дарвоқеъ, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Федератсияи Россия дар баланд гардидани сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат хоҳад кард.
Нуриддин Саид – вазири маориф ва илми кишвар дар рафти ҳамоиш аз таҷрибаи яксолаи муаллимони соли қабл ёдовар шуда, фаъолияти онҳоро қатоатбахш арзёбӣ кард. Инчунин, ба муаллимоне, ки бори аввал имсол барои фаъолият омадаанд, барору комёбӣ дар фаъолияти таълимиву тарбиявиашон таманно намуд. 
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифта, омӯзгорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои қаноатбахш дарёфтанд.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД-
корманди Маркази 
матбуоти Вазорати маориф ва илм