5 медал-дастоварди навбатии хонандагон

01-08-2018
Дастовардҳои навбатие, ки боиси болидахотирӣ ва сарфарозии мардуми кишвар мегарданд, ба мактаббачагони тоҷик  рабт доранд. Тибқи иттилои Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз 21 то 29 июли соли 2018 дар шаҳри Лисабони Ҷумҳурии Португалия 49-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Дар он зиёда аз 400 нафар довталаб аз 90 давлати дунё иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 нафар хонанда муаррифӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст Абдураҳмонова Сабина-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Пиров Далер-хонандаи синфи 9 Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва Ҳасанов Фараҳманд хонандаи синфи 10 Литсей-интернати тоҷикӣ-русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардида, Парчами Тоҷикистони азизамонро дар байни 90 давлати дунё баланд бардоштанд.
Инчунин, аз 19 то 29 июли соли 2018 дар Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Чехия  50-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ (50th IChO 2018) аз фанни химия байни 280 нафар довталаб зиёда аз 70 давлати дунё иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти Олимпиада Маҷидов Иномҷон-хонандаи синфи 11 Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Аҳрор Исмолӣ- хонандаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ноҳияи Спитамен сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ , хонандагони тоҷик ин навбат ба кишвар 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ)  оварданд.  Бояд гуфт, ки чунин пирӯзӣ миёни довталабони зиёди 90 кишвар ва тобоварӣ дар рақобат далели равшани вусъати ҳаракати олимпӣ, зиёд шудани таваҷҷуҳи хонандандагон ба илмомӯзӣ ва натиҷаи робитаи устувори мактаб ва оила мебошад.
Бояд гуфт, ки аз аввали соли 2018 хонандагони кишвар дар 16 олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 206 медал, аз ҷумла, 47 медали тилло, 73 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ гардиданд.
 
ҲАБИБЗОДА МАНУЧЕҲР-КОРМАНДИ 
МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДАРЁФТ ВА
 РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО