ОҒОЗИ БАРГУЗОРИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИФҲОИ 9-10-И МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ Имрӯз, 26 майи соли 2023 дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва фанҳои табиӣ-риёзӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар он муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази ...
ШИНОСОӢ БО РАФТИ БАРГУЗОРИИ СЕССИЯИ ИМТИҲОНИИ ТОБИСТОНА ВА АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ВОҚЕЪ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ Тибқи дастури Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ рӯзҳои 24-ум ва 25-уми майи соли равон бо раванди баргузории сессияи имтиҳонии тобистона ва аттестатсияи хатм дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ...
ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНҲОИ “САРОЯНДАИ БЕҲТАРИН” ВА “РАССОМИ БЕҲТАРИН” 23 майи соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан” даври ҷумҳуриявии озмунҳои “Сарояндаи беҳтарин” ва “Рассоми беҳтарин” баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат 35 нафар донишҷӯ иштирок намуд. Озмуни “Сарояндаи беҳтарин” аз рӯйи 5 номинатсия (шашмақом, фалак, академӣ, ...
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧАРЛЗ ИНВАНИ 24 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо муовини директори Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон Чарлз Инвани баргузор гардид. Сараввал Ҷамшед Ҷӯразода аз ташрифи намояндагони Барномаи Озуқавории Ҷаҳонии СММ (WFP) ба Вазорати маориф ва илм изҳори ...
ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ДИРЕКТОРИ МИНТАҚАВИИ БОНКИ ИСЛОМИИ РУШД Имрӯз, 24 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки Исломии Рушд ҷаноби Иброҳим Шукрӣ баргузор гардид. Нахуст Раҳим Саидзода меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, аз рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии ...