Ба истифода додани кӯдакистони “Ситораҳои дурахшон” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Обшорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави муассисаи томактабии №14 ба номи “Ситораҳои дурахшон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нав аз се ошёна иборат буда, дорои ҳуҷраҳои корӣ, машғулиятгузаронию истироҳатӣ мебошад ва барои таълиму тарбияи ...
Ба истифода додани бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин муассиса соли ...
ҶАЛАСАИ АЪЗОИ КОМИССИЯИ ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" БАРГУЗОР ГАРДИД 13 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҷлиси аъзои комиссияи шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" таҳти раёсати раиси озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баргузор гардид. Сараввал ҳисоботи муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода вобаста ба баргузории даври чоруми озмун шунида ...
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ОШПАЗИ МАКТАБӢ” ВА ОЗМУНИ ЭҶОДӢ БАЙНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ КИШВАР ҶАМЪБАСТ ГАРДИД 11 ноябри соли ҷорӣ дар Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи Ю.А.Гагарини шаҳри Душанбе маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ошпази мактабӣ” ва озмуни эҷодӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар доир гардид, ки дар он Дилшод Сафарзода - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зулфия Абдусаматзода - муовини вазири тандурустӣ ...
ОЛИМОН ВА КОРШИНОСОН: "МАВОДИ ОЛИМПӢ БОЯД БА ТАЛАБОТ ҶАВОБГӮ БОШАД" “Муайянсозии ғолибони воқеии олимпиадаҳои фаннӣ механизми дурусти арзёбӣ ва саволномаҳои касбӣ таҳияшударо талаб менамояд” – ин нукта имрӯз дар семинар-машварат доир ба омодасозии “Дастурамали таҳияи саволномаҳо барои олимпиадаҳои фаннӣ”, ки бо ҷалби васеи мутахассисон, олимон ва коршиносони Маркази миллии тестӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, ДҶТИБКСМИ ва директорони муассисаҳои таълимиии типи ...