ОҒОЗИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7-8 Субҳи имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии президентӣ»-и шаҳри Душанбе марҳилаи чоруми олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7-8-и муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар оғоз гардид. Дар олимпиада аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ширкат варзида, малака, маҳорат ва донишҳои худро муаррифӣ хоҳанд кард. Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини вазири маориф ва ...
Иштирок дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе 19 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок карданд. Чорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон сурат гирифт. Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ...
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ЭЪТИРОФИ БАРОБАРАРЗИШИИ ДИПЛОМҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН Масъалаи эътирофи баробарарзишии дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дараҷаву унвонҳои илмӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин Хуай Сизин Пэн, ки имрӯз, 19-уми апрели соли 2024 дар ҳошияи Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи Созмони ...
ИШТИРОКИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ ҲАШТУМИ ВАЗИРОНИ МАОРИФИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИҲОИ ШАНХАЙ ДАР ШАҲРИ МАСКАВ 18-уми апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав Ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода низ иштирок намуд. Дар қисмати аввали ҷаласа суханронии Котиби генералии СҲШ Чжан Мин, вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Валерия Фалков, ...
Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду кишвар бо номи “Дӯстии ҷовидон” дар Кохи Борбад 18 апрел дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Узбекистон бо номи “Дӯстии ҷовидон” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ...