Вазир

ИМОМЗОДА МУҲАММАДЮСУФ САЙДАЛӢ
ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
28 апрели соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, тоҷик, маълумоташ олӣ. Доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.                     
ФАЪОЛИЯТИ МЕҲНАТӢ:
Солҳои 1976-1981-донишҷӯи шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин;
Солҳои 1981-1984-лаборанти калони Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
Солҳои 1984-1985-муҳаққиқ-коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳони ба номи М. Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ;           
Солҳои 1985-1991-аспирант, ходими хурди илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Солҳои 1991-1999-лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
Солҳои 1999-2004-декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон; 
Солҳои 2004-2012-ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
Солҳои 2012 -2020-ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита.
Аз 24 январи соли 2020 то ҳоло-вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.