Ахбор

  • ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ МОСКВА

    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ МОСКВА
    17-уми апрели соли равон вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар толори Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, масъулони Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия ...

    17-04-2024
  • БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”

    БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ЛОИҲАИ “БИЁ, ҲАМРОҲ ОМӮЗЕМ”
    17-уми апрели соли равон бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба натиҷагирӣ аз корҳои анҷомёфта ва нақшаҳои минбаъдаи лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори миссияи ЮСАИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Питер Райли, аъзои гурӯҳи корӣ, шарикони рушд ...

    17-04-2024
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ БОШҚИРДИСТОН БА НОМИ М. АКМУЛЛИ

    ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ БОШҚИРДИСТОН БА НОМИ М. АКМУЛЛИ
    16-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулли Салават Сагитов баргузор гардид. Дар ибтидо Ҷамшед Ҷӯразода дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар самти маориф ва илм ...

    16-04-2024
  • БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд

    БО КВОТАИ «ДУРАХШАНДАГОН»-МАШҲУР ДАР ҶАҲОН. Донишҷӯёни тоҷик бо таҳсили намунавӣ дар рейтинги аввал қарор доранд
    ДУШАНБЕ, 16.04.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 119 квота дар зиёда аз 100 ихтисос барои таҳсил дар мамлакатҳои хориҷӣ тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон» пешбинӣ гардидааст, ки довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод карда, дар озмун иштирок намоянд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии ...

    16-04-2024
  • РАИСИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ УНВОНИ ФАХРӢ ГАРДИД

    РАИСИ ШУРОИ РЕКТОРОНИ ТОҶИКИСТОН СОҲИБИ УНВОНИ ФАХРӢ ГАРДИД
    Дар доираи баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар пояи Донишгоҳи давлатии иқтисоди шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуд, раиси Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, доктори илмҳои тиб, профессор ...

    16-04-2024