Шаҳодатномаи миллату давлат

03-11-2017
Бахшида ба ҷашни 23-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3-юми ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илм чорабинӣ баргузор гардид, ки дар он вазири маориф ва илм Нуриддин Саид, муовини якуми вазир, сардорони раёсату шуъба ва кормандони вазорат ва муассисаҳои тобеи он ширкат варзиданд. 
Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид зимни сухани ифтитоҳӣ зикр сохт, ки Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд. Беҳуда Конститутсияро мардум бо ифтихору эътимод «Бахтнома» ва ё «Маромномаи миллат», «Раҳнамои давлат», «Эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқии халқ», «Шаҳномаи тоҷу тахт», «Шаҳодатномаи миллату давлат» нагуфтаанд. 
Дар идомаи чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат С.Қодиров ва сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ Р.Сангов-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот қайд кард, ки ҳамасола, 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихиву фаромӯшнашаванда ва пурнишот - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин рӯз дар таърихи соҳибистиқлолии миллии кишварамон сафҳаи тозаеро дар рушду ташаккули давлати тозаистиқлол ва ҳуқуқбунёд сабт намуд. Яке аз бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолии миллии кишвар ин қабули Конститутсияи ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихобнамудаи халқ мебошад, ки истиқлолияти миллии кишварро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.
-Ҳамагон огаҳии хуб дорем, ки маҳз дар партави танҳо як моддаи Конститутсия - моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва дигар санадҳои зерқонунӣ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ҳамчунин чандин санадҳои зерқонунии дигар бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ин санадҳо дар шакли стратегияву барнома ва консепсияву низомнома қабул карда шудаанд ва даҳҳо санадҳои дигар дар ин заминаҳо таҳия гардида, мавриди амал қарор доранд, ки раванди таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таълимӣ танзим менамоянд,-қайд кард вазири маориф ва лм Нуриддин Саид зимни сухани ҷамъбастии худ.