Озарбойҷон омода аст барои донишҷӯёни Тоҷикистон квота ҷудо намояд

07-02-2018
Низоми таълиму тадрис дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба ҳам монандӣ дорад. Ин матлаб дирӯз зимни вохӯрии  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде  оид ба ҳамкории дуҷониба дар самти маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Вазир Н.Саид оид ба зинаҳои таҳсилот дар мамлакат маълумот дода, иброз дошт, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳамкорӣ ва тақвияту вусъат ёфтани робитаҳои дуҷониба бо дигар ҷумҳуриҳо мебошад.
Ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Гасан Дилсузоғлу Мамедзаде вобаста ба низоми маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ дода, гуфт, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм квотаҳои муштарак таъсис дода шаванд. Ба иттилои Сафир, Озарбойҷон омода аст дар самти тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои нафту газ, ихтисосҳои техникӣ, авиатсия ва дипломатия барои донишҷӯёни Ҷумҳурии Тоҷикистон  квота ҷудо намояд.