Дасти мадад аз «Имдоди ғайрат»

31-10-2017
Дар шаҳри Конибодом Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд  ифтитоҳ гардид. Сохтмони бинои он бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, ташкилоти ҷамъиятии «Имдоди Ғайрат» ва маблағгузории Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат бо сифати баланд анҷом ёфт. Дар бинои дуошёнаи марказ ҳуҷраҳои алоҳидаи равоншинос, асабшинос, ислоҳгари нутқ, толорҳои машваратӣ, бозии кӯдакон,  машқҳои таълимӣ, китобхона, хонаи дамгирии писарона ва духтарона,  ҳуҷраи мусиқӣ, ҳуҷраҳои ҳунаромӯзӣ мавҷуд аст. 
Дар маросими кушодашавии  Маркази бар-қарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд раиси шаҳри Конибодом ғайбулло Боҳирӣ, муовини раиси вилояти Суғд Назира ғаффорӣ, котиби сеюми Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Акиюки Сусуи ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ  карданд.  
Ҷаноби Акиюки Сусуи, аз ҷумла, гуфт:
- Мақсад аз татбиқи лоиҳаи «Сохтмони Маркази барқарорсозӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Конибодом» дастгирии маъюбон ва кӯдакони дорои бемории равонӣ, барқарор намудани тавонбахшии кӯдакон, таъмин намудани эҳтиёҷмандон, ташкили тадбирҳои  варзишӣ дар байни маъюбон, омӯзонидани касбу ҳунарҳои барои саломатиашон мувофиқ, ташкили марказҳо барои кӯдакони то синни мактабӣ ва имконияташон маҳдуд,  ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсимҳои тобистону зимистон (яъне лагерҳои мавсимӣ), фаъолияти  маърифатӣ-машваратӣ  ба оилаҳои  дорои кӯдакони имконияташон маҳдуд мебошад.
Ба гуфтаи  Мавлуда  Боҳирова, директори ташкилоти ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат”,  ҷалби соҳибкорон ба корҳои хайриявӣ, истифодаи оқилонаи кумакҳои башардӯстона ва дастгирии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат аз ҷумлаи самтҳои фаъолияти минбаъдаи марказ мебошад. 
Зайнуддин Орифӣ