БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОН!

08-02-2018
Ба таваҷҷуҳи довталабон мерасонем, ки Номгӯйи мавзӯъҳои эссе барои довталабони соли таҳсили 2018-2019 таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 26.01.2018, №02/50 тасдиқ шудааст. Инчунин, Дастур доир ба тарзи таҳияи эссе таҳия гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 26.01.2018, №02/51 тасдиқ шудааст. 
Довталабон ва дигар хоҳишмандон метавонанд Номгӯйи мавзӯъҳои эссе барои довталабони соли таҳсили 2018-2019 ва Дастур доир ба тарзи таҳияи эссеро аз саҳифаи «Китобҳои дарсӣ», инчунин, аз саҳифаҳои «Санадҳо» («Қарорҳои мушовара», «Фармоишҳо» ва «Дастурҳо»)-и сомонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – www.maorif.tj дастрас намоянд.