ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
АҲАММИЯТИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ ОСОРИ РОБИАИ БАЛХӢ Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи нақша-чорабиниҳои муассиса дар бораи сазовор истиқбол гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Некрӯз, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадризо Тоҳирӣ, доктори илмҳои фалсафа Башир Азизӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Нозим Нуров, нависанда Маҷид Салим, профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 1050-солагии аввалин бонуи суханвари адабиёти форсу тоҷик, шоир Робиаи Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Конференсияро ректори донишкада, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 1050-солагии Робиаи Балхӣ самимона табрику муборакбод гуфта, қайд намуд, ки Робиаи Балхӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик аст, ки бо зебоӣ, ишқ, хирад, озодандешӣ ва покизагию устувории худ ҳамеша ҳамчун аввалин бонуи шоири тоҷику шуҳраи офоқ монда, улгуи ҳаводоронаш мондааст. Ин бонуи хирад ва дар марому орзу беназир дар адабиёти мо нахустин шоирае ба шумор меравад, ки дар тазкираҳо ва маъхазҳои гуногуни адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиаи Балхӣ зодаи Балх буда, аз ҳамасрони маъруфи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакист. Ин фариштаи дунёи адабиёту шеър дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, саршории илҳом ва қудрати шоирӣ на танҳо миёни форсизабонон балки миёни бастагони адабиёти араб низ машҳур буд. Таъкид гардид, ки имрӯз номи Робиаи Балхӣ ҳамчун ифтихори фарҳангиву маънавии миллати тоҷик ва ҷаҳони форсизабон арҷгузорӣ мешавад. Бо пешниҳод ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки яке аз муҳимтарин нишастҳои фарҳангии ҷаҳонӣ мебошад, дар қатори 65 солгарду ҷашнвораҳо, 1050-солагии Робиаи Балхӣ барои таҷлил дар солҳои 2026-2027 ба Феҳристи солгардҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин иқдоми арзанда на танҳо нишонаи эҳтиром ба як чеҳраи шинохтаи адабиёти тоҷику форсист, балки далели равшани арҷгузорӣ ба фарҳанги куҳанбунёд ва нақши зан дар рушди маънавиёти инсонӣ мебошад. Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Некрӯз зимни суханронии худ аз иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таҷлил намудани 1050-солагии Робиаи Балхиро давоми он иқдомҳо арзёбӣ намуд. Мавсуф дар бораи осор, рӯзгор ва саҳми Робиаи Балхӣ дар устувор намудани ҷойгоҳи занон дар адабиёти мо андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки ар ашъори Робиа мавзуи ишқ бо самимият ва беҷило тасвир ёфтааст. Доктори илмҳои фалсафа Башир Азизӣ дар навбати худ дар бораи корномаҳои бемисли Робиаи Балхӣ дар ҷодаи шеъру шоирӣ андешарони карда, ишқи Робиаи Балхиро заминию самимӣ ва ҷасорати ӯро беназир номид. Ӯ мисли бисёре аз шоирон ишқро бо рамзҳои мазҳабӣ ва зоҳирпарастӣ намеомезад, балки онро ҳамчун эҳсоси поки инсонӣ нишон медиҳад. Башир Азизӣ баргузории чунин маҳфилҳои илмиро аз баракати сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои тоҷикон дониста, таъкид намуд, ки ба қадри заҳматҳои ин марди наҷиб бояд бирасем. Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода зимни суханронии худ махсус таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон аз ҷониби Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ҳамчун далели боз ҳам устувор гардидани пояҳои давлатдории навини миллӣ ҳамасола чорабиниҳои илмию фарҳангии зиёде баргузор мегардад, ки таҷлили солгарди ҳамаи намояндагони фарҳангу адабиёти мо далели равшан аст. Омӯзгори кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии донишкада, номзади илмҳои филологӣ Наимова Фарзона дар мавзуи “Робиаи Балхӣ – рамзи ишқ, озодагӣ ва ҷасорати зан” суханронӣ карда, осор, рӯзгор ва ҷасорати беназири Робиаи Балхиро ба риштаи таҳқиқ кашид. Наимова Фарзона дар фароварди маърузааш зикр намуд, ки ҳаёти Робияи Балхӣ гарчанде кӯтоҳ буд, аммо мисли чароғе дар торикӣ нур пошид. Ӯ дар дили хонандагон ва дӯстдорони адабиёт ҷойгоҳи хос дорад. Вай исбот кард, ки калом метавонад аз ҳама деворҳо гузашта, номи инсонро ба абадият бибарад. Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳо пешниҳод гардиданд.14
21.05.2026
-
БОЗДИДИ ҲАЙАТИ НАМОЯНДАГОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АЗ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ» Имрӯз дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба миёни муассисаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳайати намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид ба амал оварданд. Меҳмононро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои соҳаи маорифи пойтахт истиқбол намуданд. Дар оғози боздид ба меҳмонон оид ба фаъолияти муассиса, самтҳои асосии таълиму тарбия, рушди маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ ва ҳунаромӯзӣ, инчунин ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони барномаҳои иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе — «eDonish» ва «kudak.tj» рӯнамо ва муаррифии имконияту бартариҳои ин низомҳои электронӣ баргузор карда шуд. Зикр гардид, ки татбиқи чунин барномаҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, назорати раванди таълим ва беҳтар гардидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн мусоидат менамояд. Дар идомаи боздид ҳайати меҳмонон аз фаъолияти як қатор маҳфилҳои амалкунанда, аз ҷумла маҳфилҳои «Русский язык», «Дузандагӣ» ва «Попурдӯзӣ» дидан намуда, бо шароити таълим, маҳорати таълимгирандагон ва дастовардҳои онҳо аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон ба сатҳи омодагии таълимгирандагон, завқи баланди эҷодӣ ва муҳайё будани шароити мусоид барои рушди қобилияти кӯдакону наврасон баҳои баланд доданд. Инчунин, дар доираи чорабинӣ маҳсули дасти аъзои маҳфилҳои ҳунариву эҷодии Марказ ба намоиш гузошта шуд. Намунаҳои корҳои дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва офаридаҳои эҷодии таълимгирандагон таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун бозгӯи истеъдод ва малакаи наврасон арзёбӣ гардиданд. Барномаи фарҳангии ансамбли бачагонаи «Шукуфаҳои пойтахт» ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, аз ҷониби иштирокчиён бо самимияти гарму кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифта шуд. Ҳамзамон, дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ҳайати меҳмонон, роҳбарони литсею гимназияҳои типи нав ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баргузории мизи мудаввар масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, аз ҷумла рақамикунонии раванди таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи маориф иброз намуданд. Ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз сатҳи баланди ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.13
21.05.2026
-
ШОҲМАНСУР: ОҒОЗИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 21 майи соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагон, донишҷўёну кормандон ба фаъолияти илмиву таҳқиқотӣ аз рўи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин барои дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самтҳо даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар оғоз, муовини Раиси ноҳия З.Зуҳурзод зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии наврасону ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод, таҳқиқи илмҳои дақиқ ва малакаи ихтироъкориву навоварӣ имконоти мусоидро фароҳам оварда, дар фазои илмию таълимӣ ҳамчун падидаи нав дар раванди рушди тафаккури техникӣ мақоми арзандаро сазовор гаштааст. Маҳз ҳамин дастгириҳои маърифатпарваронаи Пешвои муаззами миллат аст, ки озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии наврасону ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад. Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияҳои физика ва астрономия, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, математика, география, химия ва биология зиёда аз 1860 нафар довталаб байни ҳам рақобат менамоянд.12
21.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор