ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 27 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини якум ва муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодааст. Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода доир ба «Вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода оид ба «Вазъи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ», Низомномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи роҳбарӣ (мушовирӣ) ба корҳои илмӣ-рисолаҳои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба «Ҳолати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ», сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода оид ба «Натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2025», мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов оид ба «Лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм», сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба «Тасдиқи шаклҳои ҳисоботи омории зинаҳои таҳсилоти томактабӣ» ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғаффорзода оид ба «Тасдиқи Низомномаи Олимпиадаи зуҳни сунъӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд. Зикр гардид, ки масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумлаи самтҳои муҳим дар рушди соҳаи маориф маҳсуб ёфта, татбиқи пайгиронаи онҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи зинаҳои таҳсил, боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои ҷавон ва мусоидат ба ташаккули насли босаводу эҷодкор равона гардидааст. Раиси ҷаласа таъкид намуд, ки рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, такмили низоми қабули донишҷӯён, таъмин бо китобҳои дарсӣ, дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва тақвияти иқтидори зеҳнии хонандагон аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор мераванд. Вазир таъкид дошт, ки амалисозии босамари ин равандҳо имконият медиҳад, то сифати таҳсилот боз ҳам баланд гардида, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият ёфта, замина барои тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод фароҳам ояд. Ҳамчунин, дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ оид ба таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ва тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иловагӣ шунида шуд. Дар фарҷом, вазири маориф ва илм бо таъкид ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакону наврасон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон186
27.11.2025
-
Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад. Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид. Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид. Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.123
27.11.2025
-
ВОХӮРИИ МАҶОЗӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ДОНИШГОҲИ ОКСФОРДИ БРИТАНИЯИ КАБИР Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо намояндагони Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ректор ва муовинони ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок доштанд. Аз ҷониби Британияи Кабир дар вохӯрӣ раиси бахши омӯзиши форсӣ дар Донишгоҳи Оксфорд профессор Эдмунд Ҳерзиг, омӯзгорони забони форсӣ доктор Фарнияз Закер ва хонум Ани Бейт Мовссес, инчунин омӯзгори адабиёти форсӣ Камила Ахмеджанова ҳузур доштанд. Муовини вазири маориф ва илм аз таърихи равобити судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Британияи Кабир дар самти маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки рушди робитаҳои дуҷониба бо муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии ҷаҳон, аз ҷумла бо Донишгоҳи Оксфорд, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва табодули дониш аҳамияти хосса дорад. Профессор Эдмунд Ҳерзиг аз омодагии Донишгоҳи Оксфорд ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо сухан ронда, имкониятҳои густариши равобитро дар самти таҳсилоти олии касбӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва ҷалби мутахассисон барои барномаҳои омӯзишӣ муҳим арзёбӣ кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои дуҷониба миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва Донишгоҳи Оксфорд, сафарбар намудани мутахассисони Британияи Кабир барои гузаронидани тренингҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, омода намудани тренерони касбӣ барои омӯзиши забони англисӣ дар курсҳои такмили ихтисос, таҳияи барномаҳои муштарак оид ба таълими забони англисӣ, баланд бардоштани маҳоратҳои касбии омӯзгорон, табодули таҷриба ва дониш миёни донишҷӯёну устодони ду кишвар ва мусоидат ба иштирок дар симпозиуму конференсияҳои байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон34
27.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор