
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ ВОХУРӢ БО МАСЪУЛИНИ СОҲАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ Санаи 7 июли соли ҷорӣ дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе якҷо бо роҳбарияти муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабии ҳудуди ноҳия (новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ) вохӯрӣ доир гардид. Сараввал, раиси ноҳияи Фирдавсӣ муҳтарам Сафарзода Д. Ғ. оид ба муваффақияту мушкилоти соҳа андешаҳои худро баён намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд. Сипас, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муҳтарам Исмоилзода Б. М. доир ба дурнамо ва тарзу усулҳои муосири таълим, ислоҳи мушкилоти соҳа ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти таълимии муассисаҳои ҳарду зина ибрози андеша намуда, аз масулин даъват ба амал оварданд, ки дар пешбурди фаъолияти пурмаҳсул масъулият ва ҷиддияти худро дучанд намуда, рушди муназзами соҳаро таъмин намоянд. Дар охир, муовини Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Одилзода Д. Р. ба сухан баромада, ҳамаи он дастуру супоришҳои вобаста ба соҳаи маорифи шаҳр додаи Раиси шаҳри Душанберо ба самъи ҳозирин расониданд. Бо овардани иқтибосот аз гуфтори наҷиби Пешвои муаззами миллат мавсуф зикр намуданд, ки ягона роҳи расидан ба ҳадафҳои олиамон, ин рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, дар равандҳои пуртаззоди ҷории замон роҳи санҷида ва бовариноки ҳимояи манфиатҳои миллиамон ин устувории низоми маорифи мамлакат мебошад. Раиси ноҳияи Фирдавсӣ Дилшод Сафарзода, дар охир иброз доштанд, ки аҳли маорифчиёни ноҳия гуфтаҳои болозикрро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ислоҳи мушкилоти ҷойдошта, ҳамаҷониба камари ҳиммат мебанданд.
31
07.07.2025
-
МАРОСИМИ ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲОИ АЪЛО ДАР ДДМИТ Рӯзи 7-уми июли соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маросими навбатии супоридани дипломҳои аъло ба хатмкунандагони зинаи бакалавриат ва магистратура бо иштироки роҳбарият, ҳайати профессорону устодон ва волидони хатмкунандагон баргузор гардид. Ҷаласаро ректори ДДМИТ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор оғоз бахшида, сараввал хатмкунандагонро бо хатми бомуваффақияти донишгоҳ бо дипломи аъло табрик намуда, иброз дошт: «Боиси хушнудист, ки ҳамасола раёсати ДДМИТ дипломи донишҷӯёнеро, ки донишгоҳро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, сазовори дипломи аъло гардидаанд, тантанавор тақдим менамояд. Ин навбат, Шумо шогирдони азиз, аз ҷумлаи хушбахттарин донишҷӯёне ҳастед, ки ДДМИТ-ро бомуваффақият хатм намуда, сазовори дипломи аъло гардидаед. Солҳо мегузаранд, вале ин лаҳза барои Шумо чун хотироти бебаҳо боқӣ мемонад. Мо таманно дорем, ки донишу маҳорат, таҷрибаву матонати ҳар яки Шумо ба хотири ояндаи неки рӯзгоратон ва рушду пешрафти Ватани азизамон - Тоҷикистон истифода карда шавад", - афзуд ректор. Ректори муассиса, инчунин қайд намуд, ки имрӯзҳо ба масъалаи рушду ташаккули маърифату дониши ҷомеа, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, илму дониш ба манбаи арзишманду пурқимати зиндагонии инсоният табдил ёфтааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои донишманд шудани насли ҷавон диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дар паёмҳои ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳлуҳои нав ба нави илму маориф, махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилотро пайваста таъкид менамоянд. Ректор дар идомаи суханронии хеш илова кард, хурсандиовар аст, ки ҳамасола шумораи гирандагони дипломҳои аъло дар донишгоҳ афзоиш ёфта, онҳо дар муассисаҳои гуногуни иқтисодиву молиявӣ фаъолият намуда, баҳри тадбиқи бомароми ҳадафҳои миллии рушди кишварамон саҳмгузорӣ менамоянд. Мо натиҷаи фаъолияти босамари хатмкунандагони донишгоҳро омӯхта, хушнуд аз он мешавем, ки шогирдонамон моҳияти сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дарк намуда, бо як ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ дар раванди татбиқи ҳадафмандонаи ин сиёсат чун пайравони асили Пешвои миллат фаъолона ширкат меварзанд. Раёсати донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои худ имкон дорад, ки хатмкунандагонро барои таъмин гардидан ба ҷойи кори доимӣ дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектони зертобеи он ва дигар вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, махсусан муассисаҳои бонкиву молиявӣ пешбарӣ намояд. Дар идомаи маросими хатм, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Эмомалӣ Нуралӣ хатмкунандагонро табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолиятҳои минбаъдаашон барору муваффақият таманно кард. Аз номи хатмкунандагон бошад, Манижа Солеҳзода, Ҳусейнҷон Илҳомзода, Бузургмеҳр Ғаффорзода ва Зарина Зиёзода баромад намуд, ба роҳбарият ва коллективи меҳнатии донишгоҳ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Дар фарҷом дар шароити тантанавӣ ба 82 нафар хатмкунандагоне, ки донишгоҳро соли таҳсили 2024-2025 бомуваффақият хатм намуданд, дипломи аъло тақдим карда шуд. Шуъбаи иттилоот ва нашрия
32
07.07.2025
-
БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №1-И НОҲИЯИ САНГВОР Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Сангвор аз ҷараёни сохтмони бинои иловагии 3-ошёна дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 маркази ноҳия боздид намуд. Зимни боздид вазир ҷараёни корҳои сохтмониро мусбат арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати таъмини сифати баланд ва ба истифода супоридани саривақтии иншоот супоришҳои мушаххас дод. Сохтмони бинои иловагӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи тадбирҳои созандаи давлату Ҳукумат бо маром идома дорад. Дар иншооти нав толори маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва синфхонаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шуда, корҳои бомпӯшӣ дар як қисми сохтмон дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Бино барои 480 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, ба истифода додани он дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба нақша гирифта шудааст. Бунёд ва ба истифода додани чунин муассисаҳои замонавӣ шаҳодати равшани ғамхории пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани шароити таълим барои насли наврас мебошад. Бо бунёди иншооти мазкур шароити таълим дар ноҳияи Сангвор боз ҳам беҳтар гардида, имконияти фарогирии бештари хонандагон ба таҳсил фароҳам меояд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
33
05.07.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор